Дар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Библия дар бораи Хотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) оё чизе гуфтааст? Шайх Аҳмади Дидот яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми исломшиносии муосир миёни тадқиқотҳои сершумору хеле арзанда ва пурарзиши худ яке аз онҳоро маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида, ба ин саволи ниҳоят душворе, ки беш аз ҳазору чаҳорсад сол на танҳо олимону муҳаққиқин, балки ҳар як инсони соҳибақлро дар рўи замин маҷбур месозад сар ба зонуи тафаккур гузорад, посухи мантиқӣ гуфт. Ин тадқиқоти шайх Дидот зери унвони «Библия дар бораи Муҳаммад (с) чӣ мегўяд?» қариб ба тамоми забонҳои халқхои дунё ба чоп расида, баҳои арзандаро низ сазовор гардид.
Author: Аҳмад Дидот
Дар ин китоб беҳтарин намунаҳо аз лаҳзаҳои ҳаёти босаъодати ин марди наҷиб Абубакри Сиддиқ (Худованд аз У рози бод) бо ҳамроҳии Паёмбари Худо ва дигар саҳобагони киром аз ахлоқи накўву писандида, садоқату вафодори, дўстию рафоқат ва олитарин нишонаи меҳру садоқат, исор ва аз худгузари дар баробари дўст, гирдовари гаштаанд.
Author: Муҳаммад Алминшови
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Чигуна аз моҳи рамазон истиқбол бигирем, шабҳои ин моҳи бузургро чигуна шабзиндадори кунем, аснофи мардум дар ин моҳ чигунаанд, ва дигар мавзуҳои алоқаманд ба рамазон, соҳиби китоб барои хонандагон ҷавоби ин пурсишҳоро тақдим намудааст.
Author: Абдуллоҳ ибни Абдураҳмон Ал-Ҷибрин
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин